Барои дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 озмун эълон гардид

Март 1, 2025 08:58

ДУШАНБЕ, 01.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2025 озмун эълон менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ҷудо карда мешавад. Ҳар як грант ба андозаи то 25 000 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ равона карда шудааст.

Барои амалисозии ин иқдом дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода шудааст.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун аз 1 март то 1 апрели соли 2025 буда, барои дарёфти маълумоти бештар метавонед бо рақамҳои 2503235 ё 2503239 тамос гиред.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2025 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид