Базми наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар фазои мутантан доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз таҷассумгари ҳикмати бузурги аҷдодӣ, рамзи эҳёи табиат, меҳру муҳаббат, дӯстиву ваҳдат ва оғози умеду орзуҳои нав мебошад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳё гардида, дар радифи ҷашнҳои бузурги ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар базми пуршукуҳи наврӯзӣ, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ин донишгоҳ баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар тантанаҳои наврӯзӣ гуфта шуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат ва ҳамкории кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ҷашни бостонӣ, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, мақоми байналмилалӣ гирифт. Он ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳамдилӣ, сулҳу субот ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.
Дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Тоҷикистон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамчун маркази илму маърифат насли навро бо руҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, худшиносию хирадмандӣ ва омӯзиши доимии навгониҳои ҷаҳонӣ тарбия менамояд.
«Наврӯз барои мо илҳоми нав барои омӯзиш, навоварӣ ва пешрафт буда, ҳамчун ҷашни фарҳангии ҷаҳонӣ метавонад имконоти навро барои муаррифии мамлакат, рушди сайёҳии фарҳангӣ ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ фароҳам оварад. Имрӯз рисолати мо – омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифии суннатҳои наврӯзӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори ҷомеа мебошад. Ҳамчунин мо бояд арзишҳои наврӯзиро ба наслҳои оянда омӯзонида, мафҳуми Наврӯзро ҳамчун ҷашни дӯстӣ, ҳамгироӣ, эҳёи табиат ва такомули маънавии инсон тарғиб намоем»,- афзуд Убайдулло Асрорзода.
Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар донишгоҳ озмуни «Беҳтарин гӯшаи Наврӯзӣ» байни 20 сохтори донишгоҳ, аз ҷумла донишкадаҳои байналмилалӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, институтҳои таълимӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, коллеҷҳо, факултетҳо, литсейи назди донишгоҳ ва дигар воҳидҳо баргузор гардид. Иштирокдорони озмун на танҳо гӯшаҳои наврӯзиро бо ороиши хосса муаррифӣ карданд, балки дар номинатсияҳои «Беҳтарин маликаи Наврӯз», «Бобои деҳқон», рақсу суруд, саҳнача ва байтбарак низ ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳамзамон дар Наврӯзгоҳи донишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ ва тарзи омода намудани хӯрокҳои миллӣ баргузор гардид.
Ансамбли «Соҳибкор» бо иҷрои суруду таронаҳои ҷаззоби наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида гардонид. Дар маҷмуъ, базми наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар фазои мутантан ва шодию фараҳ баргузор гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд






