Базми наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар фазои мутантан доир шуд

Март 20, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз таҷассумгари ҳикмати бузурги аҷдодӣ, рамзи эҳёи табиат, меҳру муҳаббат, дӯстиву ваҳдат ва оғози умеду орзуҳои нав мебошад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии  Тоҷикистон эҳё гардида, дар радифи ҷашнҳои бузурги ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ин нуктаро  Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар базми пуршукуҳи наврӯзӣ, ки  бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ин донишгоҳ баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар тантанаҳои наврӯзӣ гуфта шуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат ва ҳамкории кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ҷашни  бостонӣ, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, мақоми байналмилалӣ гирифт. Он ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳамдилӣ, сулҳу субот ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.

Дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Тоҷикистон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамчун маркази илму маърифат насли навро бо руҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, худшиносию хирадмандӣ ва омӯзиши доимии навгониҳои ҷаҳонӣ тарбия менамояд.

«Наврӯз барои мо илҳоми нав барои омӯзиш, навоварӣ ва пешрафт буда, ҳамчун ҷашни фарҳангии ҷаҳонӣ метавонад имконоти навро барои муаррифии мамлакат, рушди сайёҳии фарҳангӣ ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ фароҳам оварад. Имрӯз рисолати мо – омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифии суннатҳои наврӯзӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори ҷомеа мебошад. Ҳамчунин мо бояд арзишҳои наврӯзиро ба наслҳои оянда омӯзонида, мафҳуми Наврӯзро ҳамчун ҷашни дӯстӣ, ҳамгироӣ, эҳёи табиат ва такомули маънавии инсон тарғиб намоем»,- афзуд Убайдулло Асрорзода.

Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар донишгоҳ озмуни «Беҳтарин гӯшаи Наврӯзӣ» байни 20 сохтори донишгоҳ, аз ҷумла донишкадаҳои байналмилалӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, институтҳои таълимӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, коллеҷҳо, факултетҳо, литсейи назди донишгоҳ ва дигар воҳидҳо баргузор гардид. Иштирокдорони озмун на танҳо гӯшаҳои наврӯзиро бо ороиши хосса муаррифӣ карданд, балки дар номинатсияҳои «Беҳтарин маликаи Наврӯз», «Бобои деҳқон», рақсу суруд, саҳнача ва байтбарак низ ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳамзамон дар Наврӯзгоҳи донишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ ва тарзи  омода намудани хӯрокҳои миллӣ баргузор гардид.

Ансамбли «Соҳибкор» бо иҷрои суруду таронаҳои ҷаззоби наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида гардонид. Дар маҷмуъ, базми  наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар фазои мутантан ва шодию фараҳ баргузор гардид.

       АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 20, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид