Британияи Кабир рӯзи имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ таърихӣ унвон намуд

Март 17, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири давлатии Британия оид ба корҳои Аврупо, Америкаи Шимолӣ ва қаламравҳои хориҷӣ Стивен Даути рӯзи имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ  таърихӣ  унвон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар.

«13 март барои Тоҷикистон ва Қирғизистон таърихӣ шуд: онҳо созишномаи делимитатсияи сарҳадро имзо намуданд. Ҳамкории онҳо ба сулҳ, субот ва амният дар минтақа мусоидат хоҳад намуд», — гуфта мешавад дар изҳороти Вазири давлатии Британия оид ба корҳои Аврупо, Америкаи Шимолӣ ва қаламравҳои хориҷӣ Стивен Даути.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 17, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид