Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст

Март 8, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими инсоният аст. Донистани қадру қимати Зан-Модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ менамуданду кӯшиши кишваркушоӣ доштанд, саранҷом аз бузургии Зан-Модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.

Дар зер гуфтаҳои бузургонро дар васфи ин сарчашмаи зиндагӣ ва меҳру вафо пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Модар азизтарин вуҷуди рӯи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият менамояд, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Модар гаҳвораю оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро бар дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан ягона вуҷуде аст, ки ҳақиқати ишқи покро мешиносад.

Шиллер

Тамаддун чист? Натиҷаи нуфузи занони покдоман.

Эмерсон

Хашми зан монанди алмос аст, ки медурахшад, аммо намесӯзонад.

Тагур

Чизе, ки зан дорад ва мардро тасхир менамояд, меҳрубонии ӯст, на симои зебояш.

Шекспир

Агар зани зебо гавҳар бошад, пас зани бофазилат канз аст.

Кант

Тору пуди модарро аз меҳрубонӣ бофтаанд.

Ралф Уолдо

Модар шудан марҳилаи камоли зан аст.

Александр Дюма

Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ ёбед.

Оноре де Балзак

Аз ҷамъи меҳрубониҳо модар сохтаанд.

Кристофер Марло

Тифл модарашро аз лабхандаш мешиносад.

Ферҷил

Яке аз бузургтарин офаридаҳои Худо қалби модар аст.

Андре Гретри

Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст.

Иқболи Лоҳурӣ

Покдоманӣ дар зан монанди шуҷоат дар мард аст.

Наполеон

Зан паҳлавоне аст, ки далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором менамояд.

Ҳеродот

Зан кӯдаке аст, ки бо андак табассум хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.

Ҳервед

Ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақоми баланд расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамроҳӣ намудааст.

Шиллер

Ягона доваре, ки гуноҳи моро мебахшад, модар аст.

Муҳаммад Ҳиҷозӣ

Модар ҳатто пас аз марг ҳам модар ва муқаддастарин мавҷуди зиндаи ҷаҳон аст.

Кулриҷ

Ҳеҷ муҳаббат ва неъмате барои мард беҳтар аз зани хуб нест.

Сибунд

Субҳу шоми умр бе зан торик ва рӯзаш ғамангез аст.

П.Бауст

Зан беҳтарин ва охирин туҳфаи осмонӣ аст.

Ҷон Милун

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Хусрави Деҳлавӣ

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Абулқодири Бедил

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Март 8, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Истифодаи оқилонаи он барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон имконоти нав фароҳам меорад
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст