Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд

Март 14, 2025 10:29

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода бо роҳбарият ва устодону донишҷӯёни факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоотӣ баргузор шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар вохӯрӣ доир ба имконоти донишгоҳ дар самти омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи технологияҳои рақамӣ ва раванди корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар ин самт изҳори назар гардид.

Иброз гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 оид ба рақамикунонии соҳаи таҳсилоти касбӣ, ташкили платформаи рақамӣ ва рушди инфрасохтори зарурӣ дар ин самт солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд. Вобаста ба ин ба сохтори идоракунии донишгоҳ тағйирот ворид карда шуда, дар заминаи факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот таъсис дода шуд.

Ҳамзамон зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвияти ҳамкории минбаъда дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳо, таъсиси ихтисос ва кафедраҳои муштарак, гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва дар доираи ҳамкорӣ мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии факултет табодули афкор намуда, барои рушди маҷмуи муносибатҳои таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ ба мувофиқа расиданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ 

Март 14, 2025 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад