Дар Душанбе масъалаи рушди шабакаҳои транзити нақлиётӣ баррасӣ гардид

Март 28, 2025 14:14

ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 март вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) доктор Асад Маҷид Хон баргузор шуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи рушди шабакаҳои транзити нақлиётиро муҳокима намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ дар маркази сиёсати хориҷии иқтисодии мамлакат қарор дошта, Тоҷикистон ҳамкории босамарро бо ташкилоти байналмилалии минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ яке аз самтҳои афзалиятнок медонад.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати фаъол ва ташаббускор дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар самтҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла рушди савдои озод, густариши долонҳои нақлиётӣ, ҳамкории энергетикӣ, идоракунии захираҳои обӣ, рушди сайёҳӣ ва татбиқи иқдоми сабзи экологӣ саҳми арзанда мегузорад.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз зиёда аз сеяки гардиши савдои хориҷии мамлакат маҳз ба кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ рост меояд, ки аз афзоиши ҳамкории мутақобили судманд дарак медиҳад.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории гумрукӣ, бозори воҳиди энергетикӣ ва барномаҳои иҷтимоию фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориро муҳокима намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 28, 2025 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид