Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мулоқоти кормандони сохторҳои масъул бо мусофирон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мулоқоти кормандони Гумруки «Майдони ҳавоӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, шуъбаи назорати сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти бехатарии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо мусофирони хатсайрҳои ҳавопаймоҳое, ки ба Русия парвоз менамоянд, баргузор гардид.
Ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки экстремизм ва терроризм яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ва вабои аср буда, ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҳдид менамояд. Ҳадафи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ноором сохтани давлат ва ангехтани низоъҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки шаҳрвандони мамлакат бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъол бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи амнияти миллӣ талош намоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки фарҳанги истифодаи интернет таҳти назорат қарор гирад ва аз мутолиаю паҳн кардани маводи марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ худдорӣ карда шавад.
Зимни суҳбати озод масъулин ба саволҳои мусофирон посух доданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






