Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барои сайёҳони хориҷӣ телефони боварӣ ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ телефони боварӣ ташкил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ метавонанд ба рақамҳои 118-200-200 аз соати 8:00 то 17:00 (аз душанбе то ҷумъа) мустақиман тамос гиранд.
Инчунин дар дигар вақтҳо аз тариқи паёмак (Whatsapp, Telegram) метавонанд муроҷиат намоянд.
Бехатарӣ яке аз омилҳои таъсиркунанда ба рушди сайёҳӣ мебошад. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе низ шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ фаъолият менамояд. Мақсади шуъбача расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ, роҳбаладӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон дар сохтори мақомоти милитсияи пойтахт мебошад.
Сайёҳони дохилию хориҷӣ ҳангоми ба дилхоҳ мушкилӣ дучор гардидан ва ё вайрон кардани қоидаҳо метавонанд тавассути рақамҳои 02-00 бевосита бо милитсияи сайёҳии пойтахт дар тамос шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






