Дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Хуррамзамин» 2200 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуд

Март 2, 2025 09:57

ДУШАНБЕ, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Хуррамзамин»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 2200 бех ниҳоли мевадиҳандаи себ, зардолу, олу, нок ва гелос шинонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, ниҳолҳои мевадиҳанда дар доираи лоиҳаи бунёди боғи интенсивӣ бо истифода аз технологияи сарфаи об, яъне обёрии қатрагии автоматикӣ, истифодаи энергияи барқароршаванда — панелҳои офтобӣ дар 2,5 гектар шинонида шуданд.

Қаблан барои бунёди боғи интенсивӣ байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ташкилоти байналмилалии «Helvetas Swiss Intercooperation» Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. Масъулияти нигоҳубини боғ ва таъмини системаи обёрӣ ба зиммаи намояндагони Парки технологии донишгоҳ вогузор шуда, аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ мегардад.

Соли 2024 низ дар оғози моҳи март дар 1,4 гектар 1300 бех ниҳоли зардолуи навъҳои «Мирсанҷилӣ», «Нишонӣ» ва «Силвер-голд» шинонида шуд.

Дар минтақа зиёда аз 10 ҳазор дарахту ниҳол ва буттаҳои мевадиҳандаю ороишӣ нашъунамо меёбанд. Дар ин ҷо дарахтони зардолу, ангур, биҳӣ, анор, шафтолу, бодом, анҷир, гелос, олу, олуча, хуч ва дигар намуди меваҳо дар майдонҳои алоҳида парвариш мешаванд. Ҳамчунин дар қитъаҳои нисбатан хурд барои таҷриба сабзавот, ба монанди картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам, лаблабу, каду ва маҳсулоти лубиёгӣ кишт мегарданд.

Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Хуррамзамин» давоми 65 соли мавҷудият ҳамчун бахши асосии донишгоҳ дар таъмини камолоти илмӣ ва таҷрибавии мутахассисони варзида саҳми намоён дошта, дар ин ҷо анъанаҳои омӯзандаи боғпарварии ниёгон бо усулҳои суннатию муосир идома меёбанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Хуррамзамин»-и донишгоҳ ташриф оварда, барои пешбурди корҳои ободонию созандагӣ, рушду равнақи боғдорӣ, зироатпарварӣ, татбиқи таҷрибаҳои пешрафта ва дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дода буданд, ки амалӣ шуданд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои иҷрои барномаҳои давлатии вобаста ба рушди соҳаи боғу токпарварию кишоварзӣ ва татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххасро рӯйи кор гирифта, пайваста барои коркарди агротехникии замин, самаранок истифода бурдану баланд бардоштани ҳосилнокӣ, зиёд намудани навъҳои дарахтони мевадиҳанда, ташкили майдонҳои нав ва таъсиси муҳити хуби илмӣ тадбирҳои саривақтӣ меандешад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуро

Март 2, 2025 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа