Дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази таълими забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази таълими забони кореягӣ ва омодасозии касбии назди донишгоҳ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷии хеш сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифта, бо ҳар кишваре, ки ба манфиатҳои миллии мо эҳтиром мегузорад ва муносибати мутаносибу мувозинро пайгирӣ менамояд, равобиту ҳамкории хуб амалӣ мешавад».
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишгоҳу донишкада ва корхонаҳои Ҷумҳурии Корея ҳамкории илмию таълимӣ, табодули академӣ ва таҷрибавӣ дошта, солҳои охир якчанд лоиҳаи ҳамкорӣ бо ин давлат амалӣ мегарданд.
Дар ин замина бо мувофиқа ва мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти густариши ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои кореягӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори зертобеи вазорат — Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Корпоратсияи EFC-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳуми сеҷониба ба имзо расид. Моҳияти ин санад аз таъсиси фаъолияти Маркази таълими забони кореягӣ ва омодасозии касбии назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иборат аст.
Ҳадафи таъсиси марказ фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши забони кореягӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он ҷавононро ба муҳити нави касбӣ ва ғайрикасбӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ тавассути таълиму тадрис мутобиқ намуда, барои баланд бардоштан ва беҳтар намудани сифати зиндагии онҳо аз тариқи фаъолият дар ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Корея мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






