Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар 9935 гектар чигит кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар 9935 гектар пунбадона кишт карда мешавад. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия дар 1450 гектар кишти чигит ва дар 110 гектар кишти чигити зери плёнка анҷом дода шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар доданд.
Тибқи иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳия Алимаҳмад Абдусатторзода, дар ҷамоату деҳаҳои ноҳия мавсими кишти пунбадона ҷараён дошта, кишоварзон бо истифода аз техникаҳои муосир ва тухмиҳои серҳосил барои иҷрои саривақтии нақшаи имсола кӯшиш менамоянд.
Ба иттилои масъулин, кишти чигит на танҳо барои таъмини соҳаи саноати нассоҷӣ бо ашёи хом муҳим аст, балки ба болоравии сатҳи даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ низ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин бо мақсади дастгирии кишоварзон ва рушди соҳаи пахтакорӣ мақомоти дахлдор дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва ширкатҳои истеҳсолкунандаи тухмӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Омӯзиши технологияҳои нав, таъмини саривақтии кишоварзон бо тухмиҳои аълосифат, нуриҳо ва маводи кимиёвӣ барои ҳифзи зироат аз ҳашароти зараррасон низ ба назар гирифта шудааст.
Барои таъмини ҳосили фаровон хоҷагидорон имсол аз техникаҳои муосир, усулҳои нави кишт ва тухмиҳои серҳосил истифода мебаранд. Дар баробари ин ба корҳои дурусти агротехникӣ, аз ҷумла омодасозии хок, истифодаи нуриҳои минералӣ ва обёрии самаранок таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






