Дар ноҳияи Муъминобод ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳашарҳои экологӣ мегузаронанд

Март 18, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва таъмини покизагии ҳудуди шаҳрак, маҳалла, соҳили дарёю каналҳо, назди ташкилоту идора ва муассисаҳо дар ноҳияи Муъминобод пайваста ҳашарҳои экологии  «Тозагии маҳал» мегузаронанд.

Тавре директори  Корхонаи фаръии манзилию коммуналии ноҳия  Ҳақназар Забирзода ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, барои амалӣ намудани ҳашари экологӣ  аз ҷониби кормандони ин корхона дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия зиёда  аз 300 бех ниҳоли сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд. Инчунин атрофи боғ тоза карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди корхона  дар 1 гектару  20  садяк замин хоҷагии ёрирасон мавҷуд аст. Дар он  2500 бех қаламчаи ниҳолҳои мевадиҳанда, аз  қабили ниҳолҳои зардолу, шафтолу, гелос, себ ва гулу  гулбуттаҳои гуногуни ороишӣ парвариш меёбанд.

Барои гузаронидани ҳашари экологии «Тозагии маҳал»  аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Дар ҷамъбасти мавсим маҳаллаҳо ва кӯчаҳои беҳтарин бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 18, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид