Дар Ню-Йорк амалишавии Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ,25.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва мушовири махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқлим Селвин Чарлз Ҳарт зарурати таҳким ёфтани ҳамкории байналмилалӣ, ҳалли инноватсионӣ ва афзоиши сармоягузорӣ дар таҳқиқот ва технологияҳо барои кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таъкид гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, мулоқот дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланд оид ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо баргузор шуда, дар он ба пешбурди талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва амалӣ намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст, равона гардид.
Баҳодур Шерализода аҳамияти ташаббуси Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун платформаи ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани огоҳӣ ва мобилизатсияи амалҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи пайомадҳои тағйирёбии иқлим бо суръат об мешаванд, иброз намуд.
Дар мулоқот инчунин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Душанбе аз 29 то 31 майи соли 2025 баргузор мешавад, баррасӣ гардид. Баҳодур Шерализода Селвин Чарлз Ҳартро барои иштирок дар конфронс даъвати расмӣ намуда, иброз дошт, ки таҷриба ва қобилияти роҳбарии ӯ дар амалҳои ҷаҳонӣ оид ба иқлим муҳим аст.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки натиҷаҳои конфронс бояд роҳнамои аниқ ва амалиро барои ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ муайян намояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






