Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат ба «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1»-и шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба эҳтиёҷмандон, бо икдоми Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1»-и шаҳри Душанбе маҳсулоти хӯрока ва туҳфаҳо дастрас карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар партави дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ниёзмандон, хусусан ятимон, аз тарбиятгирандагони ин муассиса даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои хубе, ки барои онҳо фароҳам оварда шудааст, илму ҳанар омӯзанд ва дар оянда ба фанҳои дақиқ рӯй оварда, то ба дараҷаи баланди илм ва касбу ҳунар бирасанд.
Мавриди тазаккур аст, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, барои дастгирии онҳо пайваста тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паёми шодбошӣ ба муносибати моҳи шарифи Рамазон иброз доштанд, ки садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон яке аз амалҳои хайре мебошад, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст.
«Ҳикмати садақа аз назари иҷтимоӣ – ҳамрозу ҳамнавои ҷомеа дар ғаму саодати он будан аст. Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону дармондагон, оилаҳои камбизоат ва шахсони бесаробон дасти ёрӣ дароз кардан, дар ободии ҷумҳурӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум саҳм гузоштан бисёр муҳим мебошад», — таъкид доштанд Пешвои миллат.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






