Дар Пекин иҷлосияи 3-юми Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин, даъвати 14 -ум оғоз ёфт

Март 5, 2025 14:35

ДУШАНБЕ, 05.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекин иҷлосияи 3-юми Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Чин, даъвати 14-ум оғоз ёфт. Дар иҷлосия сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян оид ба фаъолияти ҳукумат ҳисобот дод. Вай натиҷаҳои соли 2024-ро баррасӣ намуда, аз ҷумла дастовардҳои рушди кишварро дар ин давра номбар намуд.

Соли гузашта иқтисодиёти Чин дар маҷмӯъ ба таври устувор рушд ёфта, он натиҷаҳои баланд нишон дод. Ҳадафҳои асосии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки барои соли 2024 пешбинӣ шуда буданд, муваффақона иҷро гардиданд.

Аз рӯи ҳисобот, Маҷмуи маҳсулоти дохилии Чин соли 2024 ба 134,9 триллион юан расид. Ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 5% зиёд буда, Чинро дар байни иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дод ва саҳми он дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳудуди 30% расид.


Ли Сян иттилоъ дод, ки дар шаҳрҳо ва деҳот 12,56 миллион ҷойи нави кор таъсис ёфта, сатҳи миёнаи бекорӣ, ки бар асоси таҳқиқоти интихобии шаҳрҳо ва деҳот ҳисоб гардидааст, 5,1% буда, нишондоди арзиши истеъмолӣ 0,2% зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ, мувозинати пардохтҳои байналмилалӣ нигоҳ дошта шуд.

Ли Сян дар бораи ҳосили рекорди ғалла, рушди босуръати технологияҳои баландсифат, тақвияти иқтидори инноватсионӣ, беҳтар шудани вазъи экологӣ, пешрафтҳо дар соҳаи ислоҳот ва шаффофият ибрози андеша намуд.


Зимни номбар кардани нишондиҳандаҳои асосии соли 2025, Ли Сян таъкид кард, ки бояд барои пешрафт дар ҳудуди сабти устувор талош намоем, консепсияи нави рушди кишварро амалӣ карда, рушди баландсифатро таъмин намоем. Вай инчунин гуфт, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, нигоҳ доштани ҳамоҳангӣ, устувории иҷтимоӣ ва ислоҳи камбудиҳои ошкоргардидаи нақшаи 14-солаи панҷсола муҳим аст, то заминаи муваффақро барои оғози панҷсолаии 15-ум гузорем.

Ли Сян ёдовар шуд, ки муҳимтарин роҳҳои рушди иқтисодиёт афзоиши истеъмоли дохилӣ ва тезондани модернизатсияҳои истеҳсолӣ аст.


Вай инчунин ба масъалаҳои марбут ба рушди устувори тиҷорати хориҷӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, сохтмони «Роҳи абрешим» ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Афзоиши рушди иқтисодиёти Чин дар соли 2025 тақрибан 5% хоҳад буд. Агар ин нишондиҳандаҳо амалӣ шаванд, дар панҷсолаи XIV (2021-2025) болорави афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилии Чин низ тақрибан ба 5% хоҳад расид. Соли гузашта Маҷмуи маҳсулоти дохилии Чин ба 134,9 триллион юан расид. Агар 5% афзоиш ба даст ояд, ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии Чин метавонад ба 140 триллион юан расад. Дар соли 2025 барои Чин сатҳи камбуди буҷет ба Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳудуди 4% пешбинӣ шудааст, ки 1% бештар аз нишондоди соли гузашта мебошад. Дар ин хусус дар гузориш дар бораи фаъолияти ҳукумат гуфта шудааст.

Март 5, 2025 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш