МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбафалак, дарёҳои пуртуғён, чашмаҳои мусаффо ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷумлаи кишварҳои дорои имконияти васеи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари мавзеъҳои машҳури сайёҳӣ, дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат маконҳои зебое мавҷуданд, ки бо табиати дилфиреб, фарҳанги ғанӣ ва шароити мусоиди истироҳат таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб менамоянд. Яке аз чунин мавзеъҳо маҷмааи сайёҳию фарҳангии «Чорчаман» дар ноҳияи Дарвоз мебошад.
– Маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дар масофаи 15 километр аз маркази ноҳияи Дарвоз, дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб, деҳаи Паткуноб, дар масоҳати 4 гектар ҷойгир шудааст. Ин гӯшаи зебои диёр дар ду соҳили рӯди Паткуноб ва наздикии резишгоҳи он ба дарёи Панҷ доман густурда, бо манзараҳои дилрабо, обу ҳавои форам ва чашмаҳои зулолу мусаффо аз дигар мавзеъҳои минтақа фарқ мекунад.
Табиати нотакрор, дараҳои кӯҳӣ, сабзазорҳои назаррабо ва садои форами ҷараёни об ба ин макон ҳусни хос мебахшанд. Ҳар як гӯшаи «Чорчаман» бо манзараҳои зебои худ диққати бинандаро ҷалб намуда, барои истироҳату фароғат, сайругашт ва шиносоӣ бо табиати кӯҳистони Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меорад. Маҳз ҳамин хусусиятҳо боис гардидаанд, ки ин мавзеъ дар байни дӯстдорони табиат, сайёҳон ва ҷаҳонгардон маъруфияти бештар пайдо намояд.
Дар солҳои охир бо таваҷҷуҳ ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ин гӯшаи нотакрори табиати Дарвоз ободу зеботар гардидааст. Дар ҳудуди он барои қабули меҳмонон ва фароҳам овардани шароити муносиби истироҳат инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шудааст. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани хизматрасонӣ, ҷалби сайёҳони бештар ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия мусоидат менамоянд.
«Чорчаман» – макони тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги миллӣ
Яке аз вижагиҳои муҳими маҷмааи сайёҳию фарҳангии «Чорчаман» дар он аст, ки ин ҷо зебоиҳои табиат бо фарҳангу ҳунари мардумӣ пайванди ногусастанӣ доранд. Дар ҳудуди он анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва унсурҳои зиндагии суннатии тоҷикон ба таври ҷолиб муаррифӣ шудаанд.
Дар ин мавзеъ ошхонаи миллӣ фаъолият менамояд, ки дар он меҳмонон метавонанд бо таомҳои анъанавии тоҷикӣ шинос шуда, аз таъму лаззати хӯрокҳои миллӣ ҳаловат баранд. Дар ин мавзеи сайёҳӣ осиёби обӣ ва танӯрҳои нонпазӣ низ ба муҳити маҷмаа ранги хос мебахшад. Дар осиёби обӣ гандумро орд намуда, бонувони ҳунарманд дар танӯр нонҳои гуногуни тоҷикӣ омода месозанд.
Ин анъанаҳо на танҳо ҷузъи муҳими фарҳанги рӯзгори мардуми тоҷик мебошанд, балки барои сайёҳон низ имконият фароҳам меоранд, ки бо баъзе аз расму оинҳо ва тарзи омода намудани маҳсулоти суннатӣ аз наздик шинос шаванд.
Инчунин дар ҳудуди «Чорчаман» маҳсулоти дастӣ ва армуғонҳои гуногун ба фурӯш гузошта шудаанд, ки метавонанд барои сайёҳон ҳамчун хотира аз сафари худ ба Дарвоз боқӣ монад.
Ҳунарҳои мардумӣ яке аз бахшҳои муҳими мероси фарҳангии тоҷикон ба шумор рафта, нигоҳдорӣ ва тарғиби онҳо барои ба наслҳои оянда интиқол додани таҷрибаю анъанаҳои гузаштагон зарур мебошад. Бо фароҳам овардани имконияти муаррифии ин ҳунарҳо дар мавзеъҳои сайёҳӣ, доираи шинохти фарҳанги миллӣ васеъ гардида, таваҷҷуҳи меҳмонон ба мероси маънавию моддии халқ бештар мегардад.
«Чорчаман Хилс» – меҳмонхона бо шароити муосир
Ба ҳусни маҷмааи «Чорчаман» пайкараю муҷассамаҳои гуногун, аз ҷумла ҳайвонот, парандагон, меваҳо ва асбобҳои мусиқӣ шукӯҳи хос зам менамоянд. Дар ин ҷо инчунин нишастгоҳҳои бо шакли киштӣ сохташуда ва зарфҳои гуногуни рӯзгор, аз қабили хумдону кӯзаҳои калон ба назар мерасанд.
Ин унсурҳои ороишӣ бо истифода аз маводи гуногун, аз ҷумла гилу чӯб ва оҳану бо тахайюлоти рангини меъморону ҳунармандон офарида шудаанд. Ҳар яке аз онҳо ба симои маҷмаа хусусияти фарқкунанда бахшида, муҳити онро барои сайругашт ва тамошо ҷолибтар мегардонад.
Яке аз иқдомҳои назаррас дар самти рушди инфрасохтори сайёҳии ин мавзеъ бунёд ва ба истифода додани меҳмонхонаи замонавии «Чорчаман Хилс» мебошад. Иншоот аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо мақсади ободонии як гӯшаи диёр, беҳтар намудани шароити қабули меҳмонон, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст.
Он аз се ошёна ва 25 ҳуҷра иборат буда, дар як гӯшаи зебои маҷмааи истироҳатӣ бо тарҳи замонавии меъморӣ сохта шудааст. Ҳангоми бунёди он ба шароити будубоши меҳмонон, муҷаҳҳазгардонии ҳуҷраҳо ва сатҳи хизматрасонӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Бо бунёди ин иншоот беш аз 20 нафар сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Меҳмонхона барои қабули сайёҳон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳату шиносоӣ бо мавзеъҳои тамошобоби Дарвоз имконият фароҳам меорад. Меҳмонон метавонанд дар баробари истироҳат дар муҳити орому осуда, аз табиати зебои минтақа баҳра бурда, бо урфу одат, фарҳанг ва тарзи зиндагии сокинони маҳаллӣ шинос шаванд.
Рушди чунин иншоот дар минтақаҳои кӯҳистон аҳамияти хос дошта, барои тавсеаи хизматрасониҳои сайёҳӣ, ҷалби сармояи дохилӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда мусоидат менамояд.
Ноҳияи Дарвоз бо мавқеи ҷуғрофии мусоид, табиати кӯҳистон, дарёҳои пуроб, манзараҳои нотакрор ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дорои имкониятҳои васеи рушди сайёҳӣ мебошад. Мавҷудияти чунин захираҳо барои густариши намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, истироҳатӣ, фарҳангӣ ва шиносоӣ бо мероси таърихӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ин замина маҷмааи «Чорчаман» метавонад ҳамчун яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳии ноҳия дар ҷалби меҳмонони дохилию хориҷӣ саҳми назаррас гузорад. Омезиши манзараҳои табиӣ, хизматрасонии меҳмонхона, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ташаккули таҷрибаи гуногунҷанбаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.
Рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои кӯҳистон ҳамчунин имконият фароҳам меорад, ки соҳибкорони маҳаллӣ фаъолияти худро густариш дода, сокинон аз ҳисоби хизматрасонии меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо, роҳбаладӣ ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ даромади бештар ба даст оранд.
Мавзеи истироҳатии «Чорчаман» борҳо мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ба ин макони зебо ташриф овардаанд, ки ин таваҷҷуҳ ба ободонӣ ва имкониятҳои рушди он аҳамияти хос дорад.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти идоракунии давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият






