Дар шаҳри Хоруғ байни наврасон мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Литсейи давлатӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд. Инчунин байни наврасон Мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.
Дар мусобиқа беш аз 60 наврас бо ҳам сабқат намуд. Чунин мусобиқаҳо имконият медиҳанд, ки сафи шоҳмотбозони касбӣ дар байни наврасон зиёд гардад.
Инчунин дар ин муассиса бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз байни наврасон мусобиқаҳо аз намуди футбол, варзиши сабук, баскетбол, тенниси рӯимизӣ ва гӯштин баргузор шуданд. Иштирокчиёни фаъол соҳиби Ифтихорнома ва мукофотпулӣ гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






