Дар шаҳри Хоруғ байни наврасон мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд

Март 24, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 24.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Литсейи давлатӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд. Инчунин байни наврасон Мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Дар мусобиқа беш аз 60 наврас бо ҳам сабқат намуд. Чунин мусобиқаҳо имконият медиҳанд,  ки сафи шоҳмотбозони касбӣ дар байни наврасон зиёд гардад.

Инчунин дар ин муассиса бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз байни наврасон мусобиқаҳо аз намуди футбол, варзиши сабук, баскетбол, тенниси рӯимизӣ ва гӯштин баргузор шуданд. Иштирокчиёни фаъол соҳиби Ифтихорнома ва мукофотпулӣ гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад