Дар шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид, ки ҳунармандону дӯстдорони ҳунари чакандӯзиро аз ҷамоатҳо ва шаҳраку деҳот ҷамъ овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин мақомот.
Ҳунармандон ва дӯстдорони санъати чакандӯзӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва корхонаю дӯконҳои дӯзандагӣ маҳсули дастонашро ба намоиш гузоштанд. Доварон беҳтарин ҳунармандонро интихоб ва маҳсули заҳмати онҳоро қадрдонӣ намуданд.
Баргузории даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» яке аз тадбирҳои муҳим дар роҳи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, эҳёи расму ойин ва ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби фарҳанги ниёгон, фароҳам овардани имкони муаррифии ҳунари занону духтарон ва ба ин васила рушду муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ба ҷаҳониён маънидод гардид.
Дар фазои тантанавӣ ба беҳтарин ҳунармандон «Сипоснома» ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






