Дар Теҳрон роҳҳои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд

Март 12, 2025 09:18

ДУШАНБЕ, 12.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 март вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ноиби муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории байналмилалӣ Алӣ Наҷафӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба амалисозии тавофуқоти ҳосилшуда аз рӯйи натиҷаи сафари ҳайатҳои олӣ баррасӣ гардид.

Ҳамчунин оид ба роҳҳои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноат, роҳу нақлиёт ва сайёҳӣ табодули афкор карда шуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон

Март 12, 2025 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд