Дар Тоҷикистон банаворгирии филми мустанад бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ оғоз гардид

Март 13, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардорӣ ва таҳияи филми мустанадро бахшида ба 700-солагии шоир, файласуф ва мутафаккири тоҷик Ҳофизи Шерозӣ оғоз намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз муассисаи «Тоҷикфилм» хабар доданд, филмнома мавзуъҳои ишқ, некбинӣ, ҳаётдӯстӣ, сабк, шуҳрат, шинохти осори адабии Ҳофиз, таъсири эҷодиёти шоир ба фарҳангҳои ҷаҳонӣ, ҷойгоҳи инсони озодманиш, арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳофаринӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ашъори Ҳофиз, даъвати шоир ба маҳви хурофоту таассуби динӣ, тараннуми дӯстӣ,  ниёзҳои ҷаҳони имрӯз ба дарки андешаҳои Ҳофиз, нақши ашъори Ҳофиз дар рушди мусиқӣ, хусусан «Шашмақом» ва панди Ҳофиз чун ҳидоятгари инсонҳо ба сӯи камолоти маънавиро фаро гирифтааст.

Филмнома бо иштироки олимони шинохтаи тоҷик Шодимуҳммад Сӯфизода, Муҳриддин Низомӣ, Бадриддин Мақсудов ва Шарифмурод Исрофилниё дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар муддати 2 моҳ омода гардидааст.

Коргардони филм Рустам Сатторзода мебошад, ки бо таҳияи филми мустанади «Шинохти Саразм» тавонист таъриху фарҳанги миллатро тавассути синамо муаррифӣ намояд.

Ёдовар мешавем, ки филми «Шинохти Саразм» соли 2020 бо давомнокии 46 дақиқа таҳия гардидааст. Муҳтавои филм таҷлили 5500-солагии Саразми бостониро дар бар мегирад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 13, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд