Дар Тоҷикистон банаворгирии филми мустанад бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардорӣ ва таҳияи филми мустанадро бахшида ба 700-солагии шоир, файласуф ва мутафаккири тоҷик Ҳофизи Шерозӣ оғоз намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз муассисаи «Тоҷикфилм» хабар доданд, филмнома мавзуъҳои ишқ, некбинӣ, ҳаётдӯстӣ, сабк, шуҳрат, шинохти осори адабии Ҳофиз, таъсири эҷодиёти шоир ба фарҳангҳои ҷаҳонӣ, ҷойгоҳи инсони озодманиш, арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳофаринӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ашъори Ҳофиз, даъвати шоир ба маҳви хурофоту таассуби динӣ, тараннуми дӯстӣ, ниёзҳои ҷаҳони имрӯз ба дарки андешаҳои Ҳофиз, нақши ашъори Ҳофиз дар рушди мусиқӣ, хусусан «Шашмақом» ва панди Ҳофиз чун ҳидоятгари инсонҳо ба сӯи камолоти маънавиро фаро гирифтааст.
Филмнома бо иштироки олимони шинохтаи тоҷик Шодимуҳммад Сӯфизода, Муҳриддин Низомӣ, Бадриддин Мақсудов ва Шарифмурод Исрофилниё дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар муддати 2 моҳ омода гардидааст.
Коргардони филм Рустам Сатторзода мебошад, ки бо таҳияи филми мустанади «Шинохти Саразм» тавонист таъриху фарҳанги миллатро тавассути синамо муаррифӣ намояд.
Ёдовар мешавем, ки филми «Шинохти Саразм» соли 2020 бо давомнокии 46 дақиқа таҳия гардидааст. Муҳтавои филм таҷлили 5500-солагии Саразми бостониро дар бар мегирад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ифтитоҳ гардиданд
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳамоиши илмӣ — адабӣ баргузор гардид
Дар маҳфили Фирдавсӣ дар Теҳрон аз сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд
Зафаршо Иброҳимзода: «Осорхонаҳо оинаи кишваркушои таърих, фарҳанг ва тамаддуни ҳар халқу миллат мебошанд»
«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд






