ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оғоз гардид

Март 2, 2025 06:05

ДУШАНБЕ, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соати 06:00-и субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар саросари Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оғоз ёфт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд. Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ба фаъолият оғоз намуданд.

Инчунин дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо рӯйхати 68 номзад аз 6  ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуд.

Ҳуқуқи пешбарии номзад ба вакилӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ тааллуқ дорад. Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар ҳавзаҳои якмандатӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ дар пленумҳо (конференсияҳо) ва бо роҳи худпешбарӣ бо пешниҳоди аризаи номзад ба комиссияи ҳавзавӣ доир мегардад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пас аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ бо қарорҳои дахлдор рӯйхати номзадҳоро аз  Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 28 нафар, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар, Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 3 нафар ва Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ба қайд гирифт.

Рӯйхати интихобкунандагон оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон барои ҳар участкаи интихобот тартиб дода мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бақайдгирии интихобкунандагонро таъмин намуда, ба комиссияҳои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагон, ки дар ҳудуди дахлдор истиқомат мекунанд, маълумот медиҳанд.

Ба рӯйхат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд ва то замони тартиб додани рӯйхат дар қаламрави ин участка ба таври доимӣ ё муваққатан зиндагӣ мекунанд ва ҳуқуқ ба овоздиҳӣ доранд, ворид карда мешаванд. Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхат ворид карда нашудаанд, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба он дохил карда мешаванд.

Участкаҳои интихоботӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд, соати 20:00-и 2 март ба вақти маҳаллӣ баста мешаванд.

Беш аз 229 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз ташкилоти гуногуни байналмилалӣ интихоботро назорат менамоянд. Илова бар ин, интихоботро беш аз 203 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос менамоянд.

Натиҷаҳои пешакии интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳанд шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 2, 2025 06:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон