Дар вилояти Суғд майдони боғоти мевадиҳанда васеъ мегардад
ДУШАНБЕ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна ва компания» масоҳати боғоти мевадиҳанда ба 34 гектар расонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи маълумоти масъулин, дар 6 гектар зардолуи навъи Присия шинонида мешавад, ки аз ҳар гектар беш аз 400-сентнерӣ ҳосил ба даст овардан мумкин аст.
То имрӯз дар 24 гектар боғи зардолу, шафтолу, нок ва бодом бунёд шуда, дарахтон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ нашъу намои хуб доранд. Меваҳои ин боғ асосан ба содирот нигаронида шуда, бо ҳосилнокии баландашон фарқ менамоянд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна ва компания» нақша дорад, ки бо истифода аз дастгирии давлатӣ майдони боғотро боз ҳам васеъ намуда, таҷрибаҳои пешрафтаи ватанӣ ва хориҷиро ба таври васеъ амалӣ намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






