Дар вилояти Суғд майдони боғоти мевадиҳанда васеъ мегардад

Март 11, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна ва компания»  масоҳати боғоти мевадиҳанда ба  34 гектар расонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи маълумоти масъулин, дар 6 гектар зардолуи навъи Присия шинонида мешавад, ки аз ҳар гектар беш аз 400-сентнерӣ ҳосил ба даст овардан мумкин аст.

То имрӯз дар 24 гектар боғи зардолу, шафтолу, нок ва бодом бунёд шуда, дарахтон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ нашъу намои хуб доранд. Меваҳои ин боғ асосан ба содирот нигаронида шуда, бо ҳосилнокии баландашон фарқ менамоянд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна ва компания»  нақша дорад, ки бо истифода аз дастгирии давлатӣ майдони боғотро боз ҳам васеъ намуда, таҷрибаҳои пешрафтаи ватанӣ ва хориҷиро ба таври васеъ амалӣ намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 11, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад