Доир ба муаррифии ҷашнҳои миллӣ тавассути ВАО ва саҳифаҳои иҷтимоии блогерон вохӯрӣ баргузор шуд

Март 4, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 март дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғу ташвиқ ва инъикоси имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода иброз дошт, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ, намоиши хӯрокҳои миллӣ ва анъанаҳои неки ниёгони миллати тоҷик ба намоиш гузошта, муаррифӣ мегарданд. Дар ин замина ба Тоҷикистон омадани меҳмонони хориҷӣ дар назар аст, ки ин барои нашру муаррифии ин ҷашни миллӣ бо мақсади ҷалби сайёҳон тавассути воситаҳои ахбори омма ва саҳифаҳои иҷтимоии блогерон нақши муҳим мебозад.

Иброз гардид, ки аз ҷониби шабакаҳои телевизони ватанӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ бояд пайваста навору видеороликҳо вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ намоиш дода шавад. Зеро ин ба манфиати рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ аст, ки заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳӣ ва манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд