Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт дар соли 2026 баррасӣ гардид

Март 13, 2025 09:54

ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш ва Нуробод муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ин вилояту ноҳияҳо дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.

Дар ҷаласа муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав, фаъол гардонидани иқтидори амалкунанда ва дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисоди мамлакат мебошад.

Иброз гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии вилояту ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.

Дар ин раванд аз ҷониби намояндагони вилояти Суғд, ноҳияи Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии онҳо барои солҳои 2027-2028 муаррифӣ карда шуд.

Тибқи нақшаи корӣ, дар ҷаласаи навбатӣ дар моҳҳои март ва апрел дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо муаррифӣ ва баррасӣ карда мешавад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2025 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид