Форуми II байналмилалии «Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 19 апрел дар вилояти Суғд Форуми II байналмилалии «Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим» баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Форум бо мақсади рушди иқтисод ва савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир ва муаррифии захираю имконияти мавҷуда гузаронида мешавад.
Инчунин дар доираи форум омилҳои асосии рушди хизматрасонӣ дар субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, ҷалби мизоҷон, менеҷмент ва идоракунӣ, мубодилаи таҷриба бо мутахассисони соҳа ва таҳияи барномаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани самаранокии корпоративӣ баррасӣ мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






