Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва таҷлили ҷашни Наврӯз аз ҷониби блогерони хориҷӣ тарғиб мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ ва расму анъанаҳои неки Ҷашни байналмилалии Наврӯз як гурӯҳ блогерони машҳури эронӣ, аз ҷумла Persian Explorers дар шаҳри Душанбе қарор доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Persian Explorers дорои зиёда аз 1,2 миллион обуначӣ буда, дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Instagram маҳбубияти зиёд дорад.
Ин блогери эронӣ дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар чорабиниҳои гуногунӣ ҷашнӣ иштирок намуда, анъанаҳои қадимаи наврӯзии ниёгономон ва имконияту мавзеъҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанберо байни обуначиёнаш тарғиб ва муаррифӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси тавофуқоти дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон бадастомада гурӯҳи блогерон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Мақсад аз сафари блогерон тарғибу ташвиқи имконият ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти он – шаҳри Душанбе, таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва хатсайрҳои сайёҳӣ байни Тоҷикистону Эрон мебошад.
Ҳамзамон бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумра блогерони машҳури давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Эрон, Чин, Олмон, Нидерланд, Швейтсария ва Покистон бо мақсади тарғибу муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Ҳамчунин дар баробари блогерони хориҷӣ аъзои Ассосатсияи блогерони Тоҷикистон низ фаъол буда, ба таври васеъ рафти таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанберо муаррифӣ ва тарғиб доранд.
АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

















Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид






