Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад

Март 31, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 31.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5+10 то 8+13 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-16 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона аз 14+19 то 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 2+7 то 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона аз 19+24 то 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 10+15 то 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8+13 то 15+20  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа гарм ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.

Март 31, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Занону модарони собиқадор бо сарбозон ва сокинони Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав мулоқот намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар вобаста ба амнияти иттилоотӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Хатлон бо сабаби надонистани қоидаҳои оббозӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон 48 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Кӯдаконро дар тобистон бо чӣ метавон банд кард?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Турсунзода беш аз 6 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд
Дар Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Зафаробод 1530 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Абдусалом Назаров дар боғаш 12 навъи зардолу парвариш менамояд
Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» 256 иншоот сохта мешавад