Имсол кишоварзони вилояти Хатлон дар 41 ҳазор гектар кишти пунбадонаи зери плёнка мегузаронанд

Март 26, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пунбадона оғоз гардид. Имсол кишоварзон кишти зери плёнкаро васеъ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Аъзамҷон-2022»-и ноҳияи Қубодиён кишти пунбадона дар зери плёнка гузаронида шуд. Масоҳати умумии хоҷагӣ 10 гектар буда, дар 1 гектар пиёзи барвақтӣ, дар 2,5 гектар гандум ва дар 6,5 гектар чигити зери плёнка кишт намудаанд. Инчунин хоҷагии деҳқонии «Самариддин»-и ноҳия дорои 10 гектар замин буда, дар майдони 2,5 гектар пиёзи барвақтӣ, дар 1 гектар гандум ва дар 6,5 гектар чигити зери плёнка кишт намудаанд.

Дар Ҷамоати деҳоти Талбак Садриддинов, Ҷамоати деҳоти Тоҷдорон, хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Исмоили Сомонӣ ва Эргаш Бобоқулови ноҳияи Шаҳритус маъракаи кишти пунбадона зери плёнка оғоз гардид.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи И.Сомонӣ Абдулло Каримов иттилоъ дод, ки хоҷагӣ дорои 4 гектар замин буда, дар 3,5 гектар кишти зери плёнкаро гузаронида шуд.

Имсол кишоварзони Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён майдони кишти пунбадонаи зери плёнкаро  васеъ намудаанд.

Дар ноҳияи Қубодиён Муассисаи давлатии стансияи давлатии навъсанҷии зироати кишоварзии «Авесто» фаъолият менамояд. Дар ихтиёри он 39,3 гектар замин буда, дар 20 гектар пунбадона, дар 10 гектар ғалладонагӣ ва дар 3 гектар юнучқа кишт карда шуда,  1 гектари он боғ мебошад. Ҳоло хоҷагидор дар 5 гектар кишти пунбадонаи зери плёнка гузаронидааст.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар вилояти Хатлон дар 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки 41 ҳазор гектари он бо усули нави зери плёнка кишт мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Март 26, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд