ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд

Март 2, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 2 март, соати 06:00 бо вақти маҳаллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия  участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин сафорат.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Федератсияи Русия  ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ тамоми шароитро  фароҳам овардааст.

Дар ин маъракаи муҳими сиёсии мамлакат шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди шаҳри Москва ва дигар минтақаҳои ҳудуди ҳавзаи хадамоти консулии Сафорат ба таври доимӣ ва муваққатӣ кору фаъолият доранд, иштирок намуда истодаанд.

Кори участкаи  интихоботӣ то 18:00 бо вақти маҳаллӣ идома меёбад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Март 2, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид