ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ДУШАНБЕ, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 2 март, соати 06:00 бо вақти маҳаллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин сафорат.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст.
Дар ин маъракаи муҳими сиёсии мамлакат шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди шаҳри Москва ва дигар минтақаҳои ҳудуди ҳавзаи хадамоти консулии Сафорат ба таври доимӣ ва муваққатӣ кору фаъолият доранд, иштирок намуда истодаанд.
Кори участкаи интихоботӣ то 18:00 бо вақти маҳаллӣ идома меёбад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия












Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






