Ироқ имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд

Март 17, 2025 13:41

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ муҳим  арзёбӣ намуд.

«Ин тавофуқ қадами муҳим барои таҳкими суботи минтақавӣ буда, рағбати ду давлатро ҷиҳати ҳалли низоъҳо аз тариқи роҳҳои осоишта таҷассум месозад. Вазорат аз талошҳои дипломатии ду ҷониб ситоиш намуда, итминон дорад, ки ин дастовард дар татбиқи рушди устувор ва тақвияти амнияти муштарак саҳм мегузорад»,- гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ Ҷумҳурии Ироқ.

Вазорат ба Тоҷикистон ва Қирғизистон рушду шукуфоии беш аз пеш таманно намуда, дастгирияшро аз ҷаҳду талошҳое, ки барои таҳкими амну истиқрор дар минтақа нигаронида шудааст, таъкид месозад.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 17, 2025 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд