Арабистони Саудӣ имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд

Март 14, 2025 16:23

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ созишномаи демаркатсияи сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро истиқбол менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Подшоҳӣ ҳукуматҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишнома самимона табрик гуфта, ба ду давлат ва халқҳои бародар суботу шукуфоии минбаъда таманно дорад»,- гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 14, 2025 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид