Русия дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд

Март 19, 2025 09:53

ДУШАНБЕ, 19.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Русия, Вазорати молияи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ба имзо расида, дар ҳузури Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия Ёддошти тафоҳум табодул карда шуд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳадафи ин санад тавсеаи рушди ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мебошад.

Дар доираи ҳадафҳои Ёддошти тафоҳум дар назар аст, ки кӯшишҳои муштараки ҳарду ҷониб ба таҳияи барномаҳои омӯзишӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар бораи маҳсулот ва хизматрасонии молиявӣ ва таҳкими эътимод ба низоми молиявӣ равона карда шаванд.

Ин иқдом дар роҳи баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардида, имкон медиҳад, ки таҷрибаҳои пешрафта истифода ва ба шароити маҳаллӣ мутобиқ гарданд.

Март 19, 2025 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад