Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 14 740 гектар пунбадона кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Зафаробод ният доранд дар 14 740 гектар, аз ҷумла дар 1000 гектари он чигити зери плёнка кишт намоянд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад, дар хоҷагии деҳқонии «Мубина 2020»–и Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод бо мусоид омадани боду ҳаво ва муътадил гардидани ҳарорати хок дар миқёси ноҳия аввалин шуда, ба кишти чигит оғоз намуданд. Дар оғози кишти пунбадона роҳбарияти ноҳия, пирони кордидаю таҷрибадор донаи умедро ба замини кишт чошида, бо дуои нек кишти пунбадонаро дар ноҳия шуруъ намуданд.
Инчунин дар ҳамин рӯз саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Камола» аз Ҷамоати шаҳраки Зафаробод низ ба кишти пунбадона оғоз намуданд. Аъзои хоҷагӣ мақсад доранд, ки тухмиҳои навъҳои муосирро дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд кишт намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






