Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Наврӯзро ботантана истиқбол намуданд

Март 24, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон дар асл меросбари ҳақиқии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз мебошанд. Чунин иброз  гардид дар ҷамъомади тантанавие, ки дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷамъомади наврӯзӣ муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ  Манучеҳр Сафарзода иброз намуд, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз зеботарин ва пурҷилотарин ҷашни ниёгонамон аст, ки ҳамчун рамзи ваҳдату    шукуфоӣ, нишот ва баракат аз даврони бостон то ба рӯзгори мо расидааст.

Эҳёи ҷашни Наврӯз ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашни ҷаҳонӣ -Наврӯз аст.

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ кормандони вазорат оид ба арзишҳои фарҳангӣ, суннату анъанаҳои неки Наврӯз ва нақши он дар таҳкими дӯстию ҳамдилии мардумон ибрози назар намуданд.

Инчунин суфраи наврӯзӣ ороста шуда, кормандони вазорат дар  ҳавои таронаҳои тараннумкунандаи ҷашни Наврӯз хурсандӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 24, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд