Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Наврӯзро ботантана истиқбол намуданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон дар асл меросбари ҳақиқии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз мебошанд. Чунин иброз гардид дар ҷамъомади тантанавие, ки дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷамъомади наврӯзӣ муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Манучеҳр Сафарзода иброз намуд, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз зеботарин ва пурҷилотарин ҷашни ниёгонамон аст, ки ҳамчун рамзи ваҳдату шукуфоӣ, нишот ва баракат аз даврони бостон то ба рӯзгори мо расидааст.
Эҳёи ҷашни Наврӯз ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашни ҷаҳонӣ -Наврӯз аст.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ кормандони вазорат оид ба арзишҳои фарҳангӣ, суннату анъанаҳои неки Наврӯз ва нақши он дар таҳкими дӯстию ҳамдилии мардумон ибрози назар намуданд.
Инчунин суфраи наврӯзӣ ороста шуда, кормандони вазорат дар ҳавои таронаҳои тараннумкунандаи ҷашни Наврӯз хурсандӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид






