«Корвони наврӯзӣ» аз чор дарвозаи пойтахт ба сокинону меҳмонон аз омадани Наврӯзи оламафрӯз мужда расонид
ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон аз омадани Наврӯзи оламафрӯз мужда расонид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Инчунин субҳи барвақт дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир гардид.
Инчунин бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе барои таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт баргузории як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ идома дорад. Дар рӯзҳои ҷашн бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва орзую талошҳо барои пешравиҳо бештар инъикос мегарданд.
Ҳамчунин дар тантанаҳои наврӯзӣ асарҳои рассомон, ҳунари дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо намоиш дода мешаванд.
Имсол Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ва пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукуҳи идона, маҳфилҳои ҳунарӣ ва ҳисси ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлил мегардад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе











Рустами Эмомалӣ бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияро мавриди истифода қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд






