Марҳилаи муҳими татбиқи Лоиҳаи «Барномаи рушди фарогири деҳот» дар Тоҷикистон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба анҷомёбии марҳилаи муҳими татбиқи Лоиҳаи «Барномаи рушди фарогири деҳот (IRDP TRIGGER)», ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) бо дастгирии техникии ташкилоти GIZ амалӣ мешавад, ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ мунтазам рушд ёфта, заминаи боэътимод барои татбиқи лоиҳаҳои созандаю пурсамар фароҳам оварда шудааст.
Вазири рушди иқтисод ва савдо баён дошт, ки лоиҳаи IRDP TRIGGER қадами муҳим барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, таҳкими имконияти соҳибкории ҷавонон, тақвияти идоракунии захираҳои об ва рушди устувори деҳот гардид.
Лоиҳа ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва минтақаҳои водиҳои Зарафшон ва Раштро дар бар гирифта, дар беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинон, дастгирии истеҳсолкунандагони хурд, таҳкими ҳамкории бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, амалӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат саҳми назаррас гузошт.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






