Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо — «Сайри гули лола» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 30.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шанбе ва якшанбеи чоруми моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» гузаронида мешавад. Ин фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.
Барои баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» Кумитаи рушди маҳал, вазоратҳои кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, кумитаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, телевизион ва радио, рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, иттифоқи нависандагон, дизайнерон ва рассомон вазифадор гардидаанд.
Масъулин иброз доштанд, ки ҳадаф аз баргузории Фестивали «Сайри гули лола» ин эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба тамоми зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати аҳолӣ ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2025 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал мукофотонида мешаванд. Тибқи иттилои таърихшиносон, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.
Гули лола ба унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адабиёти тоҷик нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон бо гули лола шиносоӣ доштаанд ва онро дар ашъори хеш таъбиру тасвири зебо кардаанд, ба мисли лолаи доғдор, лолапӯш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, лоласон ва ғайра. Ҳамчунин қадимӣ будани бастагии мо ба «иди гулҳо»-ро ин байтҳои фолклорӣ равшан баён мекунанд:
Эй ёр, биё, сайри гули лола равем…
Имрўз мо гулҳои шукуфони зиёда аз ҳафт ранги лолаи боғу гулгашт, хиёбону кӯчаҳо ва боғчаҳои назди ташкилоту муассисаҳои пойтахтро тамошо карда, аз ин зебоӣ чашм канда наметавонем. Ин лолаҳои шукуфон дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба пойтахт шукуҳу шаҳомати хосса мебахшанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






