Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд

Март 1, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон дар давоми фаъолияти бисту панҷсолаи худ дурустӣ, саривақтӣ ва ба талаботи давру замон мутобиқ будани таъсиси парламенти касбиро собит намуд. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон яке аз омилҳои муҳими эъмори ҷомеаи дунявию демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба шумор рафтани қонун ва волоияти онро нишон дод.

Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми олии қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди байнипарлумонии ҷаҳон, Иттиҳоди парлумонҳои Осиё барои сулҳ ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки интихоботи навбатии парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  2 март баргузор мешавад. Ин интихоботи ҳафтуми парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Тоҷикистон ба интихобот пурра омода аст.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон