Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ташкилии Конфронси оби СММ 2026 иштирок намуд

Март 4, 2025 13:15

ДУШАНБЕ, 04.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 март Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи ташкилии Конфронси оби СММ 2026, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Ҷонибек Ҳикмат аз баргузор намудани ин нишаст, ки бо ҳаммизбонии Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, истиқбол намуда, зарурати тақвияти тадбирҳои глобалӣ барои расидан ба Ҳадафи рушди устувор 6 (SDG 6) – дастрасӣ ба оби тоза ва шароити беҳдоштро таъкид намуд.

Намояндаи доимӣ инчунин ба нақши калидии Тоҷикистон ҳамчун ҳаммизбони Конфронси оби СММ — 2023 ишора намуда, тазаккур дод, ки ин чорабинии сатҳи баланди ҷаҳонӣ аввалин чунин ҳамоиш дар панҷ даҳсолаи охир буд.

Ҷонибек Ҳикмат илова намуд, ки дар натиҷаи ин конфронси таърихӣ Стратегияи фарогири Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва беҳдошт қабул гардид ва Фиристодаи вежаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба об таъйин шуд, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва пайгирии натиҷаҳои конфронс мебошад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба Конфронси оби СММ 2026 таъкид кард, ки он бояд барои густариши татбиқи Рӯзномаи амали об заминаи устувор фароҳам оварад.

Инчунин иброз карда шуд, ки Тоҷикистон аз идомаи тамаркузи муколамаҳои интерактивии Конфронси соли 2023 истиқбол менамояд ва ҷонибдори он аст, ки мавзуи Даҳсолаи амалиёти об, ки пойдевори конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 мебошад, ҷузъи муҳими музокироти соли 2026 боқӣ монад.

Дар мавриди раванди тадорукот ба Конфронси соли 2026 омодагии қатъии Тоҷикистон барои таъмини ҳамкории дарозмуддати байналмилалӣ дар соҳаи об таъкид гардид.

Ӯ афзуд, ки Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028, ки Тоҷикистон онро мизбонӣ хоҳад кард, барои арзёбии пешрафтҳо ва таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ дар мудирияти захираҳои об имкони мусоид пешниҳод менамояд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо низоми Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор таҳким бахшида, обро дар меҳвари рушди устувор нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон талошҳои худро аз соли 2023 то 2026 идома дода, барои омодагӣ ба Конфронси соли 2028 ва берун аз он мусоидат менамояд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Март 4, 2025 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мудирияти захираҳои об баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҳузури беш аз 2500 иштирокчӣ аз 100 давлати ҷаҳон пешбинӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Дабирхонаи Анҷумани ҳамкории Корея-Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Боку нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Словения баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Давлати Кувайт нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон – меъмори имиҷи байналмилалии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни олмонӣ — омӯзандагони забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин вохӯрӣ намуд