Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ташкилии Конфронси оби СММ 2026 иштирок намуд

Март 4, 2025 13:15

ДУШАНБЕ, 04.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 март Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи ташкилии Конфронси оби СММ 2026, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Ҷонибек Ҳикмат аз баргузор намудани ин нишаст, ки бо ҳаммизбонии Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, истиқбол намуда, зарурати тақвияти тадбирҳои глобалӣ барои расидан ба Ҳадафи рушди устувор 6 (SDG 6) – дастрасӣ ба оби тоза ва шароити беҳдоштро таъкид намуд.

Намояндаи доимӣ инчунин ба нақши калидии Тоҷикистон ҳамчун ҳаммизбони Конфронси оби СММ — 2023 ишора намуда, тазаккур дод, ки ин чорабинии сатҳи баланди ҷаҳонӣ аввалин чунин ҳамоиш дар панҷ даҳсолаи охир буд.

Ҷонибек Ҳикмат илова намуд, ки дар натиҷаи ин конфронси таърихӣ Стратегияи фарогири Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва беҳдошт қабул гардид ва Фиристодаи вежаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба об таъйин шуд, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва пайгирии натиҷаҳои конфронс мебошад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба Конфронси оби СММ 2026 таъкид кард, ки он бояд барои густариши татбиқи Рӯзномаи амали об заминаи устувор фароҳам оварад.

Инчунин иброз карда шуд, ки Тоҷикистон аз идомаи тамаркузи муколамаҳои интерактивии Конфронси соли 2023 истиқбол менамояд ва ҷонибдори он аст, ки мавзуи Даҳсолаи амалиёти об, ки пойдевори конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 мебошад, ҷузъи муҳими музокироти соли 2026 боқӣ монад.

Дар мавриди раванди тадорукот ба Конфронси соли 2026 омодагии қатъии Тоҷикистон барои таъмини ҳамкории дарозмуддати байналмилалӣ дар соҳаи об таъкид гардид.

Ӯ афзуд, ки Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028, ки Тоҷикистон онро мизбонӣ хоҳад кард, барои арзёбии пешрафтҳо ва таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ дар мудирияти захираҳои об имкони мусоид пешниҳод менамояд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо низоми Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор таҳким бахшида, обро дар меҳвари рушди устувор нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон талошҳои худро аз соли 2023 то 2026 идома дода, барои омодагӣ ба Конфронси соли 2028 ва берун аз он мусоидат менамояд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Март 4, 2025 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид