Оид ба системаи мониторинги обии радиоактивӣ ва металлҳои вазнин дар Осиёи Марказӣ вохӯрии машваратӣ доир шуд

Март 7, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 март дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии машваратии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (МБИТ) оид ба татбиқи лоиҳаи минтақавӣ зери унвони «Системаи мониторинги обии радиоактивӣ ва металлҳои вазнин дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ  масъулини мониторинги радиатсионии   Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва коршиносони Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ иштирок намуда, ҷузъиёти татбиқи лоиҳаро барои ин давлатҳо муҳокима намуданд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.  

Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон   бенефисиари ин лоиҳа буда,  дар ҷаласаи он  муовини директори Агентӣ Бахтиёр Баротов иштирок намуд.

Дар раванди муҳокима иброз гардид, ки таҳияи системаи мониторинги доимии радиоактивӣ дар объектҳои обӣ, ки дар наздикии партовгоҳҳои урандор қарор доранд, зарур мебошад. Лоиҳа имконият медиҳад, ки вазъи радиатсионӣ дар минтақаҳои муайянгардида доимо таҳти назорат қарор гирад ва ба ҳолатҳои фавқулода вокуниш карда шавад.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 7, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст