Оид ба системаи мониторинги обии радиоактивӣ ва металлҳои вазнин дар Осиёи Марказӣ вохӯрии машваратӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 март дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии машваратии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (МБИТ) оид ба татбиқи лоиҳаи минтақавӣ зери унвони «Системаи мониторинги обии радиоактивӣ ва металлҳои вазнин дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъулини мониторинги радиатсионии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва коршиносони Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ иштирок намуда, ҷузъиёти татбиқи лоиҳаро барои ин давлатҳо муҳокима намуданд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бенефисиари ин лоиҳа буда, дар ҷаласаи он муовини директори Агентӣ Бахтиёр Баротов иштирок намуд.
Дар раванди муҳокима иброз гардид, ки таҳияи системаи мониторинги доимии радиоактивӣ дар объектҳои обӣ, ки дар наздикии партовгоҳҳои урандор қарор доранд, зарур мебошад. Лоиҳа имконият медиҳад, ки вазъи радиатсионӣ дар минтақаҳои муайянгардида доимо таҳти назорат қарор гирад ва ба ҳолатҳои фавқулода вокуниш карда шавад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






