Оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳлили физикӣ-химиявӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар мавзуи «Вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳлили физикӣ-химиявӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимни ҳамоиш Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода Ҳамро иброз намуд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро чун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат қабул намудааст. Дар ин замина дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба тарбияи кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуда, барои соҳибкасб намудани онҳо дар соҳаи фанҳои дақиқ, хусусан химия корҳои арзишманд ба анҷом расонида мешаванд».
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар хусуси саноатикунонии мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои муҳими старатегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, сухан гуфт. «Саноатикунонии мамлакат замина фароҳам меорад, ки имконоти шаҳрвандон зиёдтар шуда, ҳамзамон даромади молиявӣ низ тағйир ёбад ва маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ маҳсулоти бозори беруниро иваз намояд. Аз ҷониби дигар, маҳсулоти истеҳсоли коргоҳҳои Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ роҳ меёбад»,-иброз дошт Аҳлиддин Ибодуллозода.
Дар ҳамоиш инчунин оид ба гиромидошти хотири Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор Лутфулло Солиев, ки донишманди сермаҳсул буда, ба тарбияи кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст, сухан гуфта шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






