Оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳлили физикӣ-химиявӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Март 17, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҳадафи чоруми стратегӣ–   саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар мавзуи «Вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳлили физикӣ-химиявӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни ҳамоиш Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода Ҳамро иброз намуд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро чун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат қабул намудааст. Дар ин замина дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба тарбияи кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуда, барои соҳибкасб намудани онҳо дар соҳаи фанҳои дақиқ, хусусан химия корҳои арзишманд ба анҷом расонида мешаванд».

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар хусуси саноатикунонии мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои муҳими старатегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, сухан гуфт. «Саноатикунонии мамлакат замина фароҳам меорад,  ки имконоти шаҳрвандон зиёдтар шуда, ҳамзамон даромади молиявӣ низ тағйир ёбад ва маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ маҳсулоти бозори беруниро иваз намояд. Аз ҷониби дигар, маҳсулоти истеҳсоли коргоҳҳои Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ роҳ меёбад»,-иброз дошт Аҳлиддин Ибодуллозода.

Дар ҳамоиш инчунин оид ба гиромидошти хотири Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор Лутфулло Солиев, ки донишманди сермаҳсул буда, ба тарбияи кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст, сухан гуфта шуд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Март 17, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад
«OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид